ҷавоб

ҷавоб
[جواب]
а
1. сухан ё гапе, ки дар посухи (ё ба ивази) пурсише гуфта мешавад, посух; суолу ҷавоб пурсишу посух: ҷавоби хаттӣ, ҷавоби шифоҳӣ
2. пайравӣ, назира (ба ягон шеър, ғазал ва ғ.); ҷавоб гуфтан а) посух додан ба пурсиши касе; б) назира навиштан ба шеъри касе
3. муқобилат ба кор ё ба сухан; ба ҷавоби…, дар ҷавоби… дар ивази, дар посухи, дар муқобили…
4. маҷ. ҳисоб, ҳисобот (барои амали худ, барои кирдору рафтори худ): ҷавоби кирдори худ, ҷавоби рафтори худ; ҷавоб гардондан а) ҷавоб додан; б) ҳамроҳ шудан, пайравӣ кардан, дастгирӣ кардан кори касеро; в) муқобилат кардан; аз ҷавоб оҷиз омадан гапи ҷавобӣ ёфта натавонистан; ба салом ҷавоб додан, ҷавоби саломро гардонидан алайк гуфтан; ба талаб(от) ҷавоб додан мувофиқи талаб(от) будан, талаб(от)ро қонеъ кунондан; ҷавоб ёфта натавонистан гап ёфта натавонистан, ба пурсиши касе посух дода натавонистан; бе ҷавоб мондан ҷавоб надодан, иҷро накардан; ҷавоби касеро дода натавонистан а) ба пурсиши касе посух дода натавонистан; б) қудрати муқобилати касе (чизе)-ро надоштан; гап пурсу ҷавоб шунав дар мавриде гуфта мешавад, ки тараф дар посухи савол сухани ғайриқаноатбахш, лофи беҳуда гуфта бошад
5. рухсат, иҷозат, озод кардан (аз коре); ҷавоб гирифтан рухсат гирифтан, иҷозат гирифтан (барои озод шудан, барои аз кор рафтан); ҷавоб додан а) ба суоли касе посух додан; б) касеро аз кор, озод кардан, ба касе барои рафтан рухсат додан; в) муқобилат кардан; г) ҳисобот додан (дар бораи кирдор, рафтор, кор ва амали худ), масъул шудан; ҷавоб шудан озод шудан, иҷозати рафтан гирифтан
6. маҷ. ҷонибдорӣ, пайравӣ, дастгирӣ; дар ҷавоби кори пешқадамон, дар ҷавоби даъвати сарвари давлат

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?

Смотреть что такое "ҷавоб" в других словарях:

  • ҷавобӣ — [جوابي] 1. дар ҷавоби чизе гуфташуда: мактуби ҷавобӣ, ғазали ҷавобӣ 2. дар ҷавоби (муқобили, баробари) чизе коре кардан: ҳуҷуми ҷавобӣ, ҳамлаи ҷавобӣ, ташрифи ҷавобӣ, зарбаи ҷавобӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • беҷавоб — [بي جواب] ҷавоб нагардонда, посух нагуфта; беҷавоб мондан а) ҷавоб нагардондан (ба савол, нома, мактуб ва ғ.); номаи ҷавобӣ нанавиштан; б) иҷро нашудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • лоҷавоб — [لاجواب] кит. беҷавоб, беҷавобмонда, бепосух, ҷавобдоданашуда: суоли лоҷавоб …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҳозирҷавоб — [حاضرجواب] каси омодаи ҷавоб, он ки бадоҳатан ҷавоб медиҳад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҳозирҷавобӣ — [حاضرجوابي] ҳозирҷавоб будан, бадоҳатан ҷавоб дода тавонистан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ширинҷавоб — [شيرين جواب] он ки бо суолҳо ҷавобҳои латиф ва нозук медиҳад, хушадо, ширинадо …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • посух — [پاسخ] кит. ҷавоб; посух додан ҷавоб додан; посух гирифтан ҷавоб гирифтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гуфтан — [گفتن] 1. гап задан, ҳарф задан, сухан кардан; ба забон овардан; изҳор кардан, баён намудан 2. нақл кардан, ҳикоят кардан; ривоят кардан: мегуфтанд, ки… 3. номидан, ном бурдан 4. ба назм даровардан, сароидан: шеър гуфтан 5. ният кардан, ирода… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қабул — [قبول] а 1. пазируфтан, гирифтан; таҳвилгирӣ, ахзи чизи супурданӣ: қабули ариза (дархост…), қабули пахта, қабули пилла, комиссияи қабул; қабули донишҷӯй ба донишҷӯӣ пазируфтан 2. пазироӣ, пазириш, рухсатдиҳӣ; истиқбол 3. ба зимма (ӯҳда) гирифтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қофия — [قافيه] а 1. кит. азпайраванда, пасоянда 2. адш. якчанд ҳарф ё ҳиҷоҳои шабеҳ ва ҳамоҳанг, ки дар охири мисраъҳо пеш аз радиф такрор шуда омада, вазну оҳанги шеърро таъмин мекунанд; қофияи танг қофияи камёб; қофия танг будан оҷиз шудан дар гуфтор… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»